Май 30, 2022 14:22 Asia/Dushanbe
  • Нишасти ҳайатҳои олирутбаи Эрон ва Тоҷикистон

Ҳайатҳои олирутбаи Эрон ва Тоҷикистон нишаст баргузор карданд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин нишаст гуфт, гомҳои хубе барои иртиқои равобити Теҳрону Душанбе пас аз ҳузури Эрон дар иҷлоси Шанхай бардошта шуд.

Сайид Иброҳими Раисӣ рӯзи душанбе дар нишасти ҳайатҳои олирутбаи Эрону Тоҷикистон дар маҷмуаи фарҳангии Саъдобод, ки бо ҳузури руасои ҷумҳурии ду кишвар баргузор шуд, ба Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худва ҳайати ҳамроҳи вай хушомад гуфт.

Вай афзуд, пас аз нишасти Шанхай эҳсос мекунам қадамҳои хубе дар иртиқои сатҳи равобити ду кишвар бардошта шудааст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст гуфт: Таҳкиму давоми муносибатҳои ҳамкорӣ байни Эрону Тоҷикистон аз оғози даврони кории ҷаноби олӣ хостаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон будааст.

 

Барчасп