Май 31, 2022 08:59 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Теҳрону Душанбе дар ҳалли буҳрони Афғонистон иштироки назар доранд
    Амирабдуллоҳиён: Теҳрону Душанбе дар ҳалли буҳрони Афғонистон иштироки назар доранд

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ҳошияи дидори раисони ҷумҳурии Эрон ва Тоҷикистон гуфт, Теҳрону Душанбе дар ҳалли буҳрони Афғонистон иштироки назар доранд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон бо ишора ба иштироки назари Эрону Тоҷикистон дар масаълаи буҳрони Афғонистон гуфт, буҳрон дар Афғонистон аз мавзуоте буд, ки дар дидори раисони ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон мавриди табодули назар қарор гирифт.

Вай афзуд, Эрону Тоҷикистон дар хусӯси Афғонистон, бар ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвоми таъкид ва аз бархе таҳаввулот, таҳаррукоту густариши иқдомоти террористӣ дар ин кишвар нигаронии муштарак доранд.

Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти Украина изҳор кард, Эрону Тоҷикистон дар масаълаи буҳрони Украина низ бар таваққуфи ҷангу тамаркуз бар роҳи ҳали сиёсӣ таъкид доранд.

Бештар бихонед:

Барчасп