Май 31, 2022 09:28 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар солрӯзи иртиҳоли имом Хумайнӣ (раҳ.)

Дабири Ситоди баргузории 33-юмин солгарди иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) аз суханронии Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар солрӯзи иртиҳоли бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Муҳаммадалии Ансорӣ, дабири Ситоди баргузории 33-юмин солгарди иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) дар нишасти хабарӣ бо баёни вижабарномаҳои 33-юмин маросими солгарди иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) гуфт, Раҳбари муаззами инқилоб дар маросими имсоли солрӯзи иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) суханронӣ хоҳанд кард.

Вай афзуд, маросими 33-юмин солгарди иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) пас аз ду соли шароити хоси коронаӣ, имсол ба сӯрати ҳузурӣ ва албатта бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп