Сухангуи вазорати хориҷа: Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон бисёр муваффақиятомез буд
Май 31, 2022 14:09 Asia/Dushanbe
Саиди Хатибзода гуфт, сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон бисёр муваффақиятомез буд.
Сухангӯи вазорати хориҷа дар нишасти хабарӣ гуфт, сиёсати хориҷии давлат дар ҳавзаи ҳамсоягӣ бо тамаркузи хосе пайгирӣ мешавад, ки самараи ин таҳаррукот дар сафари раисони кишварҳо дида мешавад.
Ба гуфтаи вай, сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон, сафари бисёр муваффақе буд ва 17 санад дар ҳавзаҳои мухталиф байни ду кишвар имзо шуд.
Ба гуфтаи Хатибзода, дар сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон дар бораи Афғонистон низ гуфтугӯҳое шуд ва ҳар ду тараф таъкид карданд, ки бояд ояндаи Афғонистон ба дасти мардуми ин кишвар рақам бихӯрад.
Бештар бихонед:
- Таҳлил: Таъкиди раҳбари инқилоб бар нигаронии муштараки Эрону Тоҷикистон дар бораи Афғонистон
- Гузориши сафири Эрон дар Тоҷикистон дар бораи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон +садо
Барчасп