Июн 02, 2022 18:42 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Дахолатҳои сиёсӣ дар умури фаннии ожонс ғайрсозанда аст
    Амир Абдуллоҳиён: Дахолатҳои сиёсӣ дар умури фаннии ожонс ғайрсозанда аст

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба зарурият хотима ёфтани фазосозиҳои сунъи ва ғайрисозанда дар нишасти пеши рӯи Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллаии энержии атомӣ, дахолатҳои сиёсӣ дар умури фаннии ин созмонро ғайрисозанда донист.

Амрико ва се кишвари аврупоӣ Англис, Фаронса ва Олмон рӯзи чоршанбе дар пешнависи қатъномаи Шӯрои ҳукоми ожонси байналмиллалии энержии атомӣ зимни такрори бархи иддаоҳои беасос муддаи вуҷуди таъсисоти ҳастаӣ эълом шуда дар Эрон шуданд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо Вивиан Балакришнан, вазири умури хориҷаи Сангопур гуфт: Раванди ҳамкориҳои фаннии ожонс ва Созмони энержии атомӣ Эрон ва тайди пай дар пайи сулҳомезбудани барномаи ҳастаӣ Эрон аз сӯи ожонсро наметавон ба як бора бо як эъмоли назари шитобзадаи сиёсӣ воруна ҷилва дод.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки дар сафари ахири Грусӣ ба Теҳрон ду тараф бо раванди мусбат ба тавофуқ расиданд афзуд: Эрон дахолатҳои сиёсӣ дар умури фаннии ожонсро комилан ғайрисозанда медонад.

Амир Абдуллоҳиён бо ишора ба ҷидди будани Эрон барои расидан ба як тавофуқи хуб пойдор ва қавӣ тасреҳ кард, тавофуқ дар дастрас аст агар ҳамаи тарафҳо бо воқеъбинӣ ба дипломосӣ ва таъаҳудот ва на таҳдид пойбанд бошанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин ба таъин ва ҳузури сафири Эрон дар Сангопур ва мусбат арзёби кардани раванди муносиботи ду кишвар ишора ва бар омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои тавсеаи муносибатҳои ду кивашр таъкид кард.

Болокришнон, вазири умури хориҷаи Сангопур низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ру барушд арзёби кардани муносибатҳо миёни ду кившар ва гузари Сангопур аз буҳрони корона бар омодагии кишвараш барои тавсеа ва густариши беш аз пеши равобит дар ҳамаи арсаҳо ба хусус дар заминаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Сангопур бо даъват аз вазири умури хориҷаи Эрон муносибатҳои ду кишварро дорои аҳамият хонд.

 

Барчасп