Суханронии Раҳбари муаззами инқилоб дар Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом (раҳ)
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i86700-Суханронии_Раҳбари_муаззами_инқилоб_дар_Ҳарами_мутаҳҳари_ҳазрати_имом_(раҳ)
Маросими сивусавумин солгарди реҳлати ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳимаҳуллоҳи алайҳ) бо суханронии Раҳбари инқилоб баргузор хоҳад шуд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Июн 03, 2022 17:17 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Раҳбари муаззами инқилоб дар Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом (раҳ)

Маросими сивусавумин солгарди реҳлати ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳимаҳуллоҳи алайҳ) бо суханронии Раҳбари инқилоб баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ин барнома соати 9 субҳи шанбеи чаҳордаҳуми хурдод бо риояти дастуруламалҳои беҳдоштӣ дар Ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ) оғоз мешавад ва суханронии Раҳбари инқилоб низ ҳудуди соати 10 хоҳад буд.

Маросим ба сурати зиндаву мустақим аз расонаи KHAMENEI.IR ва шабакаҳои Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон пахш хоҳад шуд.