Июн 03, 2022 18:28 Asia/Dushanbe
  • Саҳюнистҳо фақат метавонанд ҳамла ба Эронро дар хоб тасаввур кунанд

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, саҳюнистҳо фақат метавонанд ҳамла ба Эронро дар хоб тасаввур кунанд ва ҳар гоҳ чунин хоберо ҳам бубинанд, ҳаргиз аз чунин хобе бедор ҳам нахоҳанд шуд.

Алии Боқирӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба Осло сафар кардааст, дар бахше аз мусоҳиба бо шабакаи давлатии NRK Норвегия дар Осло, зимни ташреҳи охирин раванди музокироти рафъи таҳримҳо ва таъкид бар сулҳомез будани фаъолиятҳои ҳастаии Эрон, дар посух ба суоли хабарнигори ин шабака дар бораи вокуниши Эрон ба таҳоҷуми низомии эҳтимолии режими саҳюнистӣ ба Эрон гуфт: Саҳюнистҳо фақат метавонанд ҳамла ба Эронро дар хоб тасаввур кунанд ва ҳаргоҳ чунин хоберо ҳам бубинанд, ҳаргиз аз чунин хобе бедор ҳам нахоҳанд шуд.

Дар даври ҳаштуми музокироти рафъи таҳримҳо, ки аз 11 марти 2022 вориди як давраи танаффус шудааст, мавзӯи тазминҳову хориҷ кардани ашхоси ҳақиқиву ҳуқуқӣ аз листи қирмиз ва аз маҷмуаи таҳримҳо ҳамчунон аз мавориде аст, ки Амрико ба унвони ноқизи БарҶом тасмими сиёсии лозимро барои ҳаллу фасли он иттихоз накардааст.

 

Барчасп