Июн 08, 2022 14:46 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ давлатҳоеро, ки ба самти одисозии равобит бо он рафтанд, истисмор мекунад
    Режими саҳюнистӣ давлатҳоеро, ки ба самти одисозии равобит бо он рафтанд, истисмор мекунад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин ки саҳюнистҳо балои фавриву нақди ҷаҳони Ислом ҳастанд, гуфтанд: Режими саҳюнистӣ давлатҳоеро, ки ба самти одисозии равобит бо он рафтанд, истисмор мекунад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон имрӯз (чаҳоршанбе) дар дидори дастандаркорони ҳаҷҷи имсол афзуданд, ифшои тавтеаву тарроҳии саҳюнистҳо аз корҳои зарурӣ дар ҳаҷ аст ва давлатҳои арабиву ғайриарабӣ, ки бар хилофи хости миллатҳо ва барои хости Амрико ба самти одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ рафтаанд, бидонанд, ин нишасту бархестҳо ҷуз истисмори онҳо ба василаи режими саҳюнистӣ ҳеҷ натиҷае нахоҳад дошт.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин ки ҳаҷ мазҳари иттиҳоди уммати исломӣ аст, гуфтанд: Бояд ҳамаи талош ба кор гирифта шавад то ҳеҷ халале ба мавзуи иттиҳоди мусулмонон ворид нашавад, зеро эҷоди ихтилоф, бахусус ихтилоф миёни шиаву суннӣ аз тарфандҳои англисиҳо аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тамосҳои хубу равшангарона бо зоирони кишварҳои дигару истифода аз Қуръону қориёни хубро аз ҷумлаи заминаҳои афзоиши иттиҳод баршумурданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба вазоифи сангини давлати мизбону лузуми амали ин давлат бар асоси масолеҳи дунёи Ислом низ ишора карданд ва гуфтанд, таъмини амнияти ҳамаи зоирон, ба вижа зоирони эронӣ ва ҷилавгирӣ аз такрори фоҷеаҳои гузашта ва ҳамчунин таҷдиди назар дар афзоиши ҳазинаҳо, аз мутолиботи ҷиддии ҷумҳурии исломӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ  таълими ҳамзистӣ, содазистӣ ва иҷтиноб аз гуноҳон ва умури дар дастрас, аммо ниёзманди муроқибатро аз ҷумлаи дарсҳои муҳими ҳаҷ баршумурданд.