Июн 08, 2022 20:51 Asia/Dushanbe
  • Иқдоми муносиби Эрон дар сурати судури қатънома дар Шӯрои ҳукком
    Иқдоми муносиби Эрон дар сурати судури қатънома дар Шӯрои ҳукком

Сарпарасти намояндагии Эрон дар созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена гуфт: Теҳрон иқдоми муносиберо дар вокуниш ба тасвиби қатъномаи эҳтимолии зидди Эрон дар Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержи атомӣ анҷом хоҳад дод.

Амрико ва се кишвари аврупоӣ Олмон Англис ва Фаронса пешнависи қаътномаи пешниҳодии муштараки худ ба Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержи атомиро ироа дод ва унвон карданд, ки ҳал нашудани мавзуъоти муртабит бо маводи урониюми пайдошуда дар сойтҳои эълом нашудаи Эрон ба шиддат мояи нигарони аст.

Муҳаммадризо Ғоибӣ, сарпарасти намояндагии Эрон назди созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена рӯзи чоршанбе дар ҳошияи нишасти фаслии Шӯрои ҳуккоми ожонси байналмиллалии энержи атомӣ бо мавзуъи Эрон таъкид кард, гузориши мудири кулли ожонс дар бораи барномаи ҳастаӣ Эрон мутавозин нест ва ин мавуъ барои бархе кишварҳо дастовез шуда аст то зидди Эрон иқдом кунанд.

Ғоибӣ афзуд: Гузориши сиёсии мудири кулли ожонси байналмиллалии энержи атомӣ баҳонае шуда аст то Амрико ва се кишвари аврупоӣ қатъномае бо ҳадафҳои сиёсӣ зидди Эрон ироа кунанд.

Сарпарасти намояндагии Эрон назди созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена таъкид кард мавзеъи Эрон ошкорва шафоф дар сурати судури қаътнома дар шӯрои ҳукком эълом шуд ва ин қатънома иқдоми ғайрисозанда ва тахрибкунанда аст.

  • Ғоибӣ изҳор кард: Агар Амрико ва се кишвари аврупоӣ дар судури қатънома исрор кунанд Эрон ҳам иқдоми мутақобил ва посухи муҳкам ба иқдоми ғайрисозандаи онҳо эълом хоҳад кард.
  • Сарпарасти намояндагии Эрон дар созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена ибрози умедвори кард дар фурсати андаки боқимонда дар натиҷаи музокироти дипломоси онҳо аз ин иқдоми худ ақибнишини кунанд.
  • Ғоибӣ ҳамчунин таъкид кард: Решаи мушкил ба хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БарҶом бар мегардад ва Эрон бар асоси ҳуқуқи худ дар чорчуби муъоҳидаи NPT ва маводи 26 ва 36 БарҶом иқдомоти ҷуброниро бар асоси мусавабаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон анҷом дода аст.
  • Сарпарасти намояндагии Эрон дар созмониҳои байналмиллалӣ дар Вена таъкид кард таҳримҳои Амрико зидди Эрон нақзи ҳуқуқи байналмиллалӣ ва нақзи қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Миллал аст ва осори инсонӣ ва башардустона бар миллати Эрон дошта аст.

Ғоибӣ хотирнишон кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври созанда дар музокироти марбут ба эҳёи БарҶом ширкат кард ва ин коршикании тарафи амрикоӣ буд, ки музокирот ба натиҷа нарасида аст.

 

Барчасп