Июн 09, 2022 09:23 Asia/Dushanbe
  • Ҷумҳурии Исломии Эрон дунболи бомби атомӣ нест
    Ҷумҳурии Исломии Эрон дунболи бомби атомӣ нест

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо вуҷуди фишорҳои душманон даст аз усул ва мабонии исломии худ бар надошта ва дунболи бомби атомӣ нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайн Амри Абдуллоҳиён дар дидори бо ҷамъи аз олимони мусалмони Ҳинд афзуд: Кишварҳои ғарбӣ дар музокироти ҳастаӣ ба эътирофи худашон метавонистанд ҳамаи мушкилоти марбут ба барномаи ҳастаӣ Эронро надида бигиранд, аммо дар иваз сукут гузоштани масъалаи ҳимоят аз Фаластинро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дархост мекарданд.

Амир Абдуллоҳиён таъкид кард: Ҳимоят аз миллати Фаластин ва озодсозии қиблаи аввали мусалмонон вазифаи динии ҳамаи мусалмонон аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Исроилро ба расмият намешиносад.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба солгарди реҳлати ҳазрати Имом Хумайнӣ(р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баъд аз реҳлати ҳазрати Имом Хумайнӣ(р) андешаҳои ишон ва Исломро пайгири карданд ва имрӯз ҳам дар Эрон ва ҷаҳони Ислом ба эҳёи тамадуни бузурги исломӣ дар саросари ҷаҳон даъват шуданд.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар сарварии ҳайати рӯзи чоршанбе вориди Деҳли пойтахти Ҳинд шуд, вазири умури хориҷаи Эрон дар шаройте ба Ҳинд сафар кард, ки дар рӯзҳои ахир як мақоми ҳизби ҳокими Ҳинд ба соҳати муқаддаси Паёмбари Акрам(с) беҳурмати карда аст.

Ин мавзуъ вокунишҳои бисёриро аз сӯи мусалмонони Ҳинд ва дигар мусалмонони  ҷаҳон дар пайи дошт.

 

Барчасп