Июн 09, 2022 21:06 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар таъмиқи ҳамкориҳои муштараки Эрон бо Покистон ва Афғонистон
    Таъкид бар таъмиқи ҳамкориҳои муштараки Эрон бо Покистон ва Афғонистон

Сарконсули Эрон дар Пешовари Покистон бар лузуми таъмиқи таъомулоти иқтисодӣ миёни Эрон, Покистон ва Афғонистон таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳамидризо Қумӣ, сарконсули Эрон дар Пешвори Покистон дар дидор бо ҳайати ташкилшуда аз шаҳрдории Пешовар маркази иёлати Хайбарбахтунхоҳ, ноиб раиси утоқи бозаргони ва саноати иттиҳодияи минтақавии ҳамкории ҷануби Осиё, раиси утоқи бозаргонии шаҳри Пешовар ва ҳамоҳангкунандаи минтақаи федератсияи утоқҳои бозаргонии Покистон бар лузуми иртиқои итҷорати минтақа таъкид кард.

Сарконсули Эрон дар Пешовари Покистон дар посух ба дархости сенатор Ғулом Алӣ ҳамоҳангкунандаи федератсияи утоқҳои бозаргонӣ ҷиҳати ҳузури утоқи бозаргонии Эрон дар утоқи муштараки Покистон ва Афғонистон, гуфт: Эрон муштоқи тавсеаи таъомулот бо кишварҳои исломӣ ба вижа ҳамсоягони худ дар ҳавзаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ аст ва дар ин росто густариши ҳамзамони ҳамкориҳои тиҷорати бо Покистон ва Афғонистонро муҳим арзёби мекунад.

Қумӣ интихоби Ҳоҷи Забиралӣ ба унвони шаҳрдори ҷадиди Пешворро табрик ва аз омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои табодули таҷрубиёт дар бахши мудирияти шаҳри ва сохтори системаи ҳукумати маҳалли хабар дод.

Ҳамоҳангкунандаи федератсияи утоқҳои бозаргонии Покистон низ  бо қадрдонӣ аз пайгириҳои сарконсули Эрон барои рафъи монеъҳо дар масири тиҷорат миёни иёлати Хайбарпахтунхо бо устонҳои Эрон, гуфт: Иниқоди намоишгоҳи муштараки Эрон ва Покистон дар дастури кор аст ва ба зуди ин руйдодро баргузор хоҳем кард.

 

Барчасп