Июн 10, 2022 18:22 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Венесуэла вориди Теҳрон шуд

Раиси ҷумҳурии Венесуэла барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии исломии Эрон, дар садри ҳайате сиёсӣ - иқтисодӣ вориди Теҳрон шуд.

Сафари дурӯзаи Николас Мадуро, раиси ҷумҳурии Венесуэла ба Эрон ба даъвати расмии Сайид Иброҳими Раисӣ анҷом мешавад.

Истиқболи расмӣ дар маҷмуаи Саъдобод, дидору гуфтугӯ бо раиси ҷумҳурӣ ва баргузории нишасти муштараки ҳайатҳои олирутбаи Эрону Венесуэла аз барномаҳои сафари Мадуро ба Теҳрон эълом шудааст.

Равобити Эрону Венесуэла пешинаи таърихии беш аз садсола дорад, аммо дар даҳаи 1960 бо ҳамкорӣ дар заминаи нафт тавсеа ёфт ва пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 Венесуэла аз аввалин кишварҳое буд, ки давлати ҷадиди Эронро ба расмият шинохт.

Ҳамакнун ҳар ду кишвар таҳти таҳримҳои якҷонибаи Амрико қарор доранд ва дар масоиле ҳамчун дифоъ аз чандҷонибагароӣ, лузуми муқобила бо иқдомоти ғайриқонунӣ ва якҷонибаи Амрико, ҳаққи мусаллами Эрон дар истифода аз энержии ҳастаӣ барои масорифи сулҳомез ва барасмият шинохтани ҳуқуқи миллати Фаластин дидгоҳи муштарак доранд.

 

Барчасп