Июн 11, 2022 17:19 Asia/Dushanbe
  • Роҳбурди Теҳрон ва Каракас дар баробари душман истодаги аст
    Роҳбурди Теҳрон ва Каракас дар баробари душман истодаги аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳбурди Теҳрон ва Каракасро истодаги дар баробари душман донист.

Николас Модуро, раиси Ҷумҳурии Венесуэла пас аз истиқболи расми дар Кохи Саъдобод бо Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба гуфтугӯ нишаст.

Ҳамчунин дар ҳузури Раисӣ ва Модуро санади ҳамкориҳои ҷомеъу роҳбурдии 20 сола байни Теҳрон ва Каракас ба имзо расид.

  • Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ дар нишасти хабарии муштарак бо Николас Модуро дар Теҳрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора дар арасаҳои сиёсати хориҷӣ ба дунболи иртибот бо кишварҳои мустақил буд ва Венасуэла дар муқобили таҳримҳои душманон ва имперялизм истодагӣ кард ва муқовимати мисолзадани дошта аст.
  • Раисӣ равобити Теҳрон ва Каракасро роҳбурди хонд ва афзуд: равобити бародаронаи мо идомадор хоҳад буд ва имзои санади 20 сола байни ду кишвар нишондиҳандаи ин азм аст.
  • Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Таҳримҳо ва таҳдидҳо зидди Эрон дар ин 43 соли ахир фаровон буд ва миллати Эрон тасмим гирифт то таҳримҳоро дар ҷиҳати пешрафти Эрон ба фурсат табдил кунад.
  • Раисӣ хотирнишон кард: Ҳамонтавер, ки сухангӯи Кохи Сафед эълом кард фишорҳои ҳадиаксари зидди Эрон муфтазиҳона шикаст хурда аст ва ин нуқтаи пирӯзи барои Эрон ва нуқтаи шикасти душманон аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Иродаи мардум, давлат ва раиси Ҷумҳурии Венасуэла ин буд, ки бояд дар муқобили таҳримҳо истод ва имрӯз рушди иқтисодии ин кишвар оғоз шуда аст, ин нишонаи хуби аст, ки ба ҳама собит мекунад муқовимат ва истодагӣ посух медиҳад ва душманро ба ақибнишин мекунад.

Раисӣ афзуд: Гомҳои хуб барои ҳамкориҳои илмӣ ва фановарона бо Венасуэла дар Эрон бардошта шуд ва ширкатҳои донишбунён ва паркҳои илмӣ ва фановари омодаи интиқоли таҷрубиёти худ дар ин замина ҳастанд.

Николас Модуро, раиси Ҷумҳурии Венасуэла низ дар ин нишасти хабари гуфт: Ҳавзаҳои муҳим ва мухталифи мисли энергетика, нефту газ, кимёи ва полойшгоҳо бароиҳамкори байни Эрон ва Венасуэла вуҷуд дорад.

Раиси Ҷумҳурии Венасуэла эълом кард, ки 18 июли парвози мустақими Каракас ба Теҳрон ва баракс ифтитоҳ хоҳад шуд.

Модуро дар бахши дигари аз суханонаш таъкид кард: Ҷавонони эронӣ ва велесуэлаӣ бояд бидонанд, ки дунёи оянда дунёӣ баробари ва адл аст, ки муқобили имперялизм меистад.

Николас Модуро, раиси Ҷумҳурии Венасуэла рӯзи ҷумъа вориди Теҳрон шуд.

 

Барчасп