Июн 13, 2022 13:44 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз шиори Арбаини Ҳусайнӣ 1444

Кумитаи фарҳангӣ - омӯзишии Ситоди Арбаини ҳусайнии Эрон аз шиори Арбаини Ҳусайнӣ 1444 рӯнамоӣ кард.

20 сафари 1444 ҳиҷрии қамарӣ (17 сентябри 2022), Арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст ва зоирон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаини Ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.

Дар ҳамин росто Кумитаи фарҳангӣ - омӯзишии Ситоди Арбаини Ҳусайнии Эрон дар иттилоияе аз шиори Арбаини Ҳусайнии 1444 рӯнамот кард.

Дар иттилоияи Кумитаи фарҳангии омӯзишии Ситоди Арбаини Ҳусайнии Эрон омадааст: Арбаин фурсате бемонанд барои ибрози ишқу тақарруб ба имом Ҳусайн алайҳиссалом ва ба арзишҳову ормонҳо аст.

Дар идомаи иттилоияи Кумитаи фарҳангӣ - омӯзишии Ситоди Арбаини Ҳусайнии Эрон гуфт: Дар роҳи ҷиҳод бо ситамгарон ва дар масири муқовимат дар баробари мустакбирон, муттаҳиду яксадо, босалобату пуршукӯҳ ин сурӯши ҳамосӣ ва зебои набавӣ ва ин шиори мамлу аз шуурро сар медиҳем ва унвони ҳаракати бузургу иҷтимои ҷаҳонии Арбаини имом Ҳусайн алайҳиссалом дар соли 1444 ҳиҷрии қамариро ҳамроҳ бо қофилаи озодагон ва ҳамнаво бо бонуи бузурги ҳамосаву муқовимат Зайнаби Кубро саломуллоҳи алайҳо «Ано мин Ҳусайни» таъйин ва эълом медорем.

 

 

Барчасп