Июн 15, 2022 14:32 Asia/Dushanbe
  • Имзои 9 санади ҳамкории Эрону Туркманистон

Маросими имзои 9 санади ҳамкорӣ байни Теҳрону Ишқобод дар ҳузури руасои ҷумҳур ва байни вазирони ду кишвар дар маҷмуаи фарҳангӣ - таърихии Саъдобод баргузор шуд.

Ин аснод дар заминаҳои тавсеаи ҳамлунақли транзитӣ, мубодилоти илмиву фарҳангӣ, ҳифозати муҳити зист, мубодилоти тиҷорӣ – иқтисодӣ аст, ки байни вазирони Эрон ва Туркманистон ва дар ҳузури руасои ҷумҳур имзо шуд.

Пас аз маросими имзои аснод, Сайид Иброҳими Раисӣ ва Сардор Бердимуҳаммадов дар нишасти матбуотии муштарак ҳузур ёфтанд.

Ойини истиқболи расмии раисиҷумҳури Эрон аз раисиҷумҳури Туркманистон субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар маҷмуаи фарҳангӣ - таърихии Саъдобод баргузор шуд ва сипас Раисӣ ва Бердимуҳаммадов дидори дуҷонибаи худро баргузор карданд.

Раиси ҷумҳурии ҷадиди Туркманистон сешанбе бо даъвати расмии раисиҷумҳурии Эрон дар раъси ҳайати баландпояи сиёсиву иқтисодӣ вориди Теҳрон шудааст.

Ин нахустин сафари Бердимуҳаммадов ба Теҳрон дар мақоми раёсати ҷумҳурии Туркманистон аст ва пеш аз ин дар 19 дайи 1400 ба унвони фиристодаи вижаи раиси ҷумҳурии вақти ин кишвар ба Эрон омада буд.

Сафари Сардор Бердимуҳаммадов ба Теҳрон дурӯза аст.

 

Барчасп