Раисӣ: Таҳримҳо барои Эрон маҳдудият эҷод накардааст
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, бо такя бар ҳаракати ҷиҳодӣ роҳи бурунрафт аз таҳримҳоро пеш гирифтаему монеъ аз эҷоди маҳдудиятҳо шудаем.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар иҷтимои мардумии ҳастаҳои ҷиҳоду пешрафт дар Теҳрон бо баёни ин ки Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ҳамеша бар иқдомоти ҷиҳодӣ таъкид доштанд, афзуд: Агар мо тавонистем роҳи бурунрафт аз таҳримҳоро дунбол кунем, ҳаракат ҷиҳодӣ будааст.
Раисӣ дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт, амрикоиҳо худашон эълом кардаанд, ки дар фишори ҳаддиаксарӣ шикаст хӯрдаанд. Маънои ин ҳарф ин аст, ки инқилоби исломӣ роҳи пирӯзиву пешрафтро тай мекунад ва Амрико роҳи уфулу заъфро тай мекунад.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки таҳримҳоро бояд хунсо кард, гуфт: Тааҷҷуб мекунам, амрикоиҳо аз сӯе эълом мекунанд, омодаи тавофуқ бо Эрон ҳастем, аммо аз тарафе бар листи таҳримҳо меафзоянд.
Раисӣ афзуд: Ин ки эълом мекунем ба Амрико эътимод надорем, дунё бояд ба мо ҳақ диҳад, ки мо ба инҳо эътимод надорем, инҳо мисоқшикан ҳастанд.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин гуфт, нақши ҷиҳоди созандагӣ дар Дифои муқаддас эҳёии умед дар дилҳои маҳрумон ва мустазъафон, ноумед кардани душманон дар халлоқияту ибтикори амал дар шаҳру русто ва навовариҳое, ки ба исми инқилоб эҷод кард, бисёр муҳим аст.