Баҳодури Ҷаҳрумӣ: Эрон мизи музокираро тарк накарда аст
Сухангӯи давлати Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ вақт мизи музокираро тарк накарда аст.
Дар ҳоле, ки музокираи Вена барои лағви таҳримҳои Эрон ва бозгашти Амрико ба БарҶом ба далели набуди иродаи сиёсии лозим дар Вашенгтон тақрибан мутаваққиф шуда аст, ин кишвар ва се кишвари аврупоӣ Олмон, Англис ва Фаронса бо фишорҳои режими саҳюнистӣ ва ҳамроҳи Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержи атомӣ, қатъномаи зидди Эрон тасвиб карданд.
Ин қатънома ҳамкориҳои густардаи Эрон бо Ожонси байналмиллалии энержиро, ки аз рӯи ҳусни ният анҷом шуд нодида гирифта аст ба ҳамин далел Созмони энержи амтомии Эрон низ аз қатъи фаъолияти дурбинҳои породмонии дастгоҳҳои андозагири бар хати ожонс дар Эрон хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Алӣ Баҳодури Ҷаҳрумӣ дар гуфтугӯи телевизионии дишаб бо ишора ба музокироти лағви таҳримҳои Эрон гуфт: Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷвақт мизи музокираро тарк накарда аст ва давлат асосан ҳақу салоҳият надорад аз ҳуқуқи миллати Эрон нодида гирад.
Баҳодури Ҷаҳрумӣ афзуд: Ҳамзамон бо музокирот тавонмандиҳои Эронро дар дигар ҳавзаҳои сиёсати хориҷӣ мисли таъомул бо кишварҳои ҳамсоя фаъол кардаем.
Сухангӯи давлати Эрон гуфт: Агар дар сиёсати хориҷӣ пуштивонаи давлат ба мардум бошад он вақт натиҷа ҳосил мешавад.