Июн 19, 2022 21:38 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами иқилоби исломӣ дар дидори раиси Ҷумҳурии Қазоқистон: Мушкилоти асли дар қазияи Украина барномаи ғарбиҳо барои тавсеаи НАТО аст
    Раҳбари муаззами иқилоби исломӣ дар дидори раиси Ҷумҳурии Қазоқистон: Мушкилоти асли дар қазияи Украина барномаи ғарбиҳо барои тавсеаи НАТО аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори раиси Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳайати ҳамроҳ таъкид карданд: Мушкили асли дар қазияи Украина барономаҳи ғарбиҳо барои тавсеаи НАТО аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззамин инқилоби исломӣ имрӯз якшанбе дар дидори Қосим Жормат Токаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳайати ҳамроҳ дар хусуси масоили марбут ба Украина гуфтанд: Дар қазияи Украина мушкили асли ин аст, ки ғарбиҳо дар пайи тавсеаи НАТО ҳастанд ва онҳо ҳарҷо, ки битавонанд барои густашири нуфузи худ таъамул нахоҳанд кард.

Раҳбари инқилоб хотинишон карданд: Бояд масоилро бо диққат барраси кард ва муроқиб буд зеро амрикоиҳо ва ғарбиҳо ҳамвора дар пайи густариши нуфузи худ дар минтақаҳои мухталиф аз ҷумла дар шарқу ғарби Осиё ва зарба задан ба истиқлол ва иқтидори кишварҳо ҳастанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба пайвандҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ миёни Эрон ва Қазоқистон бар лузуми густариши беш аз пеши ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф ба вижа ҳамкориҳои минтақавӣ таъкид карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳамоҳангӣ дар заминаи масолили сиёсӣ ва иқтисодиро барои густариши равобит зарури хонданд ва бо таъкид бар лузуми фаъол шудани комисюнҳои муштарак хотирнишон карданд: Ду тараф бояд барои пайгирии тавофуқҳо ва иҷроӣ шудани онҳо талоши музоаф анҷом диҳанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ густариши ҳамкориҳои фарҳангии Эрон ва Қазоқистонро низ муҳим донистанд ва афзуданд: Фороби ба унвони як файласуф ва донишманди исломӣ, ки аслияти қазоқистонӣ дорад ва дар Эрон ҳазор сол дар бораи асарҳои ӯ таҳқиқ шуда аст, метавонад мабнои ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ташкили як кумитаи илмӣ миёни ду кишвар шавад.

  • Дар ин дидор, ки Сайид Иброиҳи Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳузур дошт, Қосим Жормат Токаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон гуфт: Музокироти бисёри хуби бо раиси Ҷумҳурии Эрон доштем ва санадҳое, ки ба имзои ду тараф расид метавонад заминасози густариши беш аз пеши равобити ду кишвар бошад.

Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон иштирокоти таърихӣ ва фарҳангии Эрон ва Қазоқистонро амиқ хонд ва бо истиқол аз пешниҳоди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ барои ташкили кумитаи илмӣ дар заминаи Форобӣ дидгоҳҳои худро дар бораи масоили минтақавӣ ва шароити кунунии Украина баён ва тавзеҳоти дар бораи шароити кишвараш баъд аз талоши ноком барои кудато дар соли гузашта ироа кард.

 

Барчасп