Мавзуоти минтақаӣ меҳвари гуфтугӯи телефонии вузарои хориҷаи Эрону Туркманистон
(last modified Mon, 20 Jun 2022 03:50:13 GMT )
Июн 20, 2022 08:50 Asia/Dushanbe
  • Мавзуоти минтақаӣ меҳвари гуфтугӯи телефонии вузарои хориҷаи Эрону Туркманистон

Вазири умури хориҷаи Эрон дар тамоси телефонӣ бо вазири умури хориҷаи Туркманистон дар мавриди амалӣ кардани тавофуқоти дуҷониба ва бархе мавзуоти минтақаӣ, ба вижа иҷлоси ояндаи сарони кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар дар Ишқобод гуфтугӯ ва табодули назар кард.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугӯ, зимни ишора ба дидори ахири руасои ҷумҳурии ду кишвар дар Теҳрон, ин боздидро нуқтаи атфе дар муносиботи ду кишвар хонд, ки таъсири босазое дар тавсеаи равобити дӯстона миёни ду ҳамсоя дорад.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон ҷиҳати пайгирӣ ва иҷрои тавофуқоти ду ҷонибаро эълом кард.

Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон низ зимни ташаккур аз талошҳо ва иқдомоти Ҷумҳурии исломии Эрон дар мизбонӣ аз раиси ҷумҳурии Туркманистон дар сафари ахири вай ба Теҳрон, ин боздидро сароғози фасли навине аз равобити ду кишвар донист.

Вай бори дигар ба сурати расмӣ бар даъвати раиси ҷумҳурии кишвараш аз раиси Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳузур дар иҷлоси сарони кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар дар Ишқобод таъкид кард.