Июн 21, 2022 10:35 Asia/Dushanbe
  •  Коргурӯҳи муштараки амниятии Эрону Тоҷикистон, боиси иртиқои амнияти ду кишвар мешавад

Муовини амниятӣ ва интизомии вазири дохилаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, гуфт, ташкили Коргурӯҳи муштараки амниятӣ байни Теҳрону Душанбе, амнияти ду кишварро иртиқо медиҳад.

Саидмаҷиди Мираҳмадӣ, ки барои ширкат дар нахустин иҷлоси Коргурӯҳи муштараки амниятии Эрону Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе сафар кардааст бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дидору гуфтугу кард.

Вай бо ташаккур аз меҳмоннавозӣ ва истиқболи хуби тарафи тоҷик, ташкил Коргурӯҳи муштараки амниятиро мӯҷиби иртиқои амнияти ду кишвар ва хунсо шудани таҳдидҳои душманони ду миллат донист ва бар иродаи ҷиддии тарафи эронӣ барои иҷроӣ шудани тавофуқҳо ва фармонҳои раҳбарону сарони ду кишвар, ба манзури тақвияти равобит дар ҳамаи заминаҳо таъкид кард.

Мираҳмадӣ бо эъломи инки амнияти Тоҷикистонро амнияти Эрон медонем, омодагии Эронро барои ҳарнавъ кумаке дар ин замина эълом ва изҳори умедворӣ кард, Коргурӯҳи муштараки амниятии ду кишвар битавонад бистарҳои лозимро дар ин хусӯс фароҳам созад. Вай бо ишора ба иштирокоти тамаддунӣ, фарҳангӣ ва забонии Эрону Тоҷикистон, осонии сафар ва тараддуди шаҳрвандони ду кишварро барои мубодилоти тиҷорӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ, омили муҳимме барои тавсеаи ду кишвар донист ва хостори иҳтимоми ду тараф барои фароҳам кардани шароити лағви раводиди атбои ду кишвар шуд.

Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳам дар ин дидор бар талош барои иҷроӣ шудани тавофуқҳои байни ду тараф таъкид кард.

Вай ташкили Коргурӯҳи муштараки амниятиро мӯҷиби тақвияти равобит ва иҷроӣ шудани тамоюлоти мақомоти олии ду кишвар ва тавофуқҳои имзо шудаи қаблӣ, донисту омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати умури дохилии онро барои тавсеаи равобит дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ҷароими созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир эълом кард.

Генерал Раҳимзода бартараф шудани таҳдидҳои минтақаӣ ва терроризмро дар сояи ҳамкории наздиктари ду кишвар унвон кард ва хостори иҷроӣ шудани тавофуқҳои сарони ду кишвар дар дидорҳои ахири онҳо шуд.

 

Барчасп