Ҳалокати як саркардаи ДИИШ дар марзҳои Эрон
Ноябр 29, 2016 15:25 Asia/Dushanbe
Вазири иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳалокати яке аз саркардагони гурӯҳи террористии ДИИШ дар марзҳои Эрон хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Сайид Маҳмудм Алавӣ, вазири иттилооти Эрон гуфт, ин узви ДИИШ, ки Абуоишаи Курдӣ ном дошт, бо ҳушёрии нерӯҳои амниятии Эрон шиносоӣ шуд ва ба ҳалокат расид.
Сайид Маҳмуди Алавӣ афзуд, Абуоишаи Курдӣ қасд дошт вориди Теҳрон шавад, аммо дар марз аз сӯйи маъмурони Вазорати иттилоот шиносоӣ ва кушта шуд.
Вазири иттилооти Эрон таъкид кард, нерӯҳои амниятии Эрон ба душманон иҷоза намедиҳанд амнияти Эрони исломиро хадшадор кунанд.