Июн 21, 2022 17:37 Asia/Dushanbe
  • Генерал Саломӣ дар конгресси шуҳадои ашоир: Ҷомеъаи саҳюнистӣ дар ҳоли уфул аст
    Генерал Саломӣ дар конгресси шуҳадои ашоир: Ҷомеъаи саҳюнистӣ дар ҳоли уфул аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар конгресси шуҳадои ашоир таъкид кард: Ҷомеъаи саҳюнистӣ дар ҳоли уфул аст.

Нахустин конгресси бузургдошти 11 ҳазор шаҳиди ҷомеъаи ашоири Эрон бо паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва суханронии фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар мусалои Имом Хумайнӣ(р) шаҳри Курд баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросоен, генерал Ҳусейни Саломӣ дар нахустин конгресси бузургдошти 11 ҳазор шаҳиди ҷомеъаи ашоири Эрон дар шаҳри Курд гуфт: Душманони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли уфул ҳастанд ва имрӯз интишори хабарҳо дар бораи ҷомеъаи сиёсии саҳюнист мисдоқи боризи ин мавзуъ аст.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд: Ба Амрико ҳам нигоҳ шавад, ки ба ҳеҷ мувафақияти нарасида аст.

Генерал Саломӣ ҳамчунин гуфт: Эрон дар ҳоли қудратманд шудан аст ва Ҷумҳурии Исломӣ дар ояндаи наздик ҷузи қудратҳои тарози аввали ҷаҳон хоҳад буд ва ин ҳақиқат дар ҳоли таҷали аст.