Июн 23, 2022 11:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкори дар ҳавзаи амнияти минтақаӣ дар иртибот бо Сурия ва Афғонистон низ аз ҷумла мавзӯъҳои аслии гуфтугӯҳои тарафайн хоҳад буд
    Ҳамкори дар ҳавзаи амнияти минтақаӣ дар иртибот бо Сурия ва Афғонистон низ аз ҷумла мавзӯъҳои аслии гуфтугӯҳои тарафайн хоҳад буд

Вазири умури хориҷаи Русия асри чаҳоршанбе бо раиси Ҷумҳӯри Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Садои Хуросон Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия, ки рӯзи чаҳоршанбе ба даъвати Ҳусайн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон вориди Теҳрон шуд, Бо оятуллоҳ Сайид Иброҳоми Раисӣ раиси Ҷумҳӯри Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Сергей Лавров дар ин сафар дар мавриди масоиле пиромуни имзои тавофуқномаи ҳамкориҳои дарозмуддат ва тавсиаи муносиботи иқтисодии дуҷониба дар ҳангоми ташдиди таҳримҳои Ғарб, бо мақомҳои эронӣ ройзани хоҳад кард.

Ҳамкори дар ҳавзаи амнияти минтақаӣ дар иртибот бо Сурия ва Афғонистон низ аз ҷумла мавзӯъҳои аслии гуфтугӯҳои тарафайн хоҳад буд.

Ҳамчунин мавзӯъи музокироти ҳастаӣ дар миёни масоъиле аст, ки дипламати аршади рӯс бо ҳамтои эронии худ дар мавриди он баҳс ва табодули назар хоҳад кард.

 

Барчасп