Эрон бузургтарин қурбонии терроризм
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i8779-Эрон_бузургтарин_қурбонии_терроризм
Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон, Эронро бузургтарин қурбонии террорзим муаррифӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 30, 2016 13:16 Asia/Dushanbe
  • Эрон бузургтарин қурбонии терроризм

Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон, Эронро бузургтарин қурбонии террорзим муаррифӣ кард.

Муҳаммад Ҷаъфари Мунтазирӣ додситони кулли Эрон имрӯз (чаҳоршанбе) дар чаҳордаҳумин иҷлоси додситонҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Сонёи Чин, гуфт: Эрон тайи 38 сол 17 ҳазор нафар аз мардум ва масъулони худро ба далели ҳамлаҳои террористӣ аз даст додааст.

Мунтазирӣ бо ибрози нигаронӣ аз афзоиши ҷиноятҳои созмонёфта ва фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро афзуд: Гурӯҳҳои террористии ҳозир дар Ховари Миёна бо ҳимояти баъзе кишварҳои минтақа ва ғарб ба вижа Амрико ва режими саҳюнистӣ ташкил шудаанд.

Додситони кулли Эрон бо таъкид бар ин, ки терроризм таҳдиде ҷиддӣ барои сулҳи ҷаҳонӣ ва бузургтарин мушкили имрӯзи дунё аст, тасреҳ кард: Танҳо роҳи мубориза бо ин мушкил нобудии авомили падидоварандаи он аст.

Мунтазирӣ бо ишора ба ҳузури бисёре аз ҷавонони аврупоӣ дар гурӯҳи террористии ДИИШ таъкид кард: Баста будани фазои сиёсии кишварҳо, инҷимоди фикрӣ, бардошти ғалат аз мазоҳиб ва идеологияҳо, табъиз ва маҳрумиятҳо, ихтилофоти табақотӣ ва иҷро нашудани адолати иҷтимоӣ аз авомили созандаи тафаккури террористӣ аст.

Додситони кулли Эрон тасреҳ кард: Терроризм ҳаргиз маҳсули кишварҳои исломӣ ва исломи ноби Муҳаммадӣ нест ва бар асоси Қуръони Карим куштани ба ноҳақи як инсон баробар бо куштани ҳамаи инсонҳо ва зинда доштани як нафар муодили зинда нигаҳ доштани ҳамаи инсонҳост.

Чаҳордаҳумин иҷлоси додситонҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аз дирӯз (сешанбе) дар шаҳри Сонёи вилояти Ҳойнони Чин кори худро оғоз кардааст.