Июн 28, 2022 09:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳаротиён дар чанд рӯзи оянда дар нишасти ҳамоҳангӣ дар Зурих ҳузур хоҳад ёфт
    Ҳаротиён дар чанд рӯзи оянда дар нишасти ҳамоҳангӣ дар Зурих ҳузур хоҳад ёфт

Раиси макази пизишкии олии Федератсияи байналмиллалии футболи ФИФО дар Теҳрон ба унвони ҳамоҳангкунандаи пизишкии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар Қатар интихоб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷоми Ҷаҳонии футболи 2022 Қатар бистудувумин Ҷоми Ҷаҳонии аст, ки аз 21 ноябр то 18 декабри соли 2022 ба мизбонии кишвари Қатар баргузор хоҳад шуд ва тими миллии футболи Эрон дар гурӯҳи В бо Англис, Амрико ва барандаи Аврупо ҳамгурӯҳ аст.

Ҷоми Ҷаҳонии футбол пурбинандатарин руйдоди варзишӣ дар дунё аст ва ҳар чор сол як бор барои мушахас шудани қаҳрамонони футболи ҷаҳон баргузор мешавад.

Зуҳраи Ҳаротиён, узви кумитаи пизишкии Федератсияи футболи Эрон пас аз як даҳҳа ҳамкори бо ФИФО ва ҳузур дар мусобиқаҳои мухталифи ин Федератсияи байналмиллалӣ ва Конфедератсияи футболи Осиё AFC дар бахшҳои мухталиф ба уновни аввалин пизишки эронии ФИФО дар Ҷоми Ҷаҳонии футболи мардони Қатар ҳузур хоҳад дошт.

Ҳаротиён дар чанд рӯзи оянда дар нишасти ҳамоҳангӣ дар Зурих ҳузур хоҳад ёфт. Ҳаротиён дар ҳоли ҳозир узви кумитаи пизишкии Федератсияи футбол ва раиси маркази пизишкии олии Федератсияи байналмиллалии футболи ФИФО дар Теҳрон аст.

 

Барчасп