Июн 28, 2022 11:20 Asia/Dushanbe
  • Эрон яке аз кишварҳое аст, ки ба шиддат аз истифодаи абзори Амрико аз ҳуқуқи башар мутаосир шуда ва эъмол таҳримҳои қаҳромези якҷониба аз сӯйи Амрико
    Эрон яке аз кишварҳое аст, ки ба шиддат аз истифодаи абзори Амрико аз ҳуқуқи башар мутаосир шуда ва эъмол таҳримҳои қаҳромези якҷониба аз сӯйи Амрико

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияе ба муносибати фарорасидани ҳафтаи бозхонӣ ва фишорҳои ҳуқуқи башарии амрикоӣ эълом кард, давлати Амрико на ҳомми балки ноқизи бузурги ҳуқуқи башар аст

Дар тақвими Эрон аз 27-уми июн то севвуми июл ҳафтаи ҳуқуқи башари амрикоӣ номгузори шудааст, ин номгузори бо ҳадафи бозхонии ҷиноятҳои мутаъаддиди Амрико ба хусус алайҳи мардуми Эрон анҷом шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Ирно, вазорати умури хориҷаи Эрон дар ини баёнияе тасреҳ кард, дар тӯли солҳои пас аз Инқилоби Исломӣ ҷиноятҳои мустақим ва ғайри мустақиме тавассути истекбори ҷаҳонӣ ба саркардаи Амрико алайҳи миллати Эрон сурат пазирӯфт, ки аз ҷумла метавон ва террори нофарҷоми Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар 27-уми июн 1981, ҳодисаи 27-уми июн 1981 ва бомбгузори дар салони ҷаласоти ҳизби Ҷумҳӯрии Исломӣ ва шаҳодати Оятуллоҳи Биҳиштӣ ва 82 тан аз мақомот ва шахсиятҳои Эрон, бомбборони шимиёии Сардашт, терроори ҷамъии шаҳри Язд ва амалиёти терористии шилики мушак ва соқит кардани ҳавопаймоҳои мусофирбарии Эрон Эйр бар фароз обҳои  нелгуни Халиҷи Форс ишора кард.

Ин  баёния меафзояд, Эрон яке аз кишварҳое аст, ки ба шиддат аз истифодаи абзори Амрико аз ҳуқуқи башар мутаосир шуда ва эъмол таҳримҳои қаҳромези якҷониба аз сӯйи Амрико, табдил ба абзоре барои нақзи ҳуқуқи  табиӣ ва қонунии мардуми Эрон шомили ҳаққи ҳаёт, ҳаққи саломат ва беҳдошт, ҳаққи бархурдорӣ аз стандардҳои зиндагии муносиб, ҳаққи омузиш ва дастрасӣ ба дониш ва фанноварӣ, ҳаққи тавсиа ва низ нақзи фоҳиши ҳуқуқи занон, кӯдакон, солмандон ва афроди дороӣ маълулият шудаааст.

Дар  идомаи баёнияи Вазорати умри хориҷаи Эрон бо ишора ба инки миллати Эрон танҳо миллате нест, ки аз стандардҳои дугонаи ҳуқуқи башар ва нақзи низомандӣ ҳуқуқи башар аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида осеб дида омадаст, нақзи ҳуқуқи ақалиятҳо дар Амрико аз ҷумла мусалмонон ва рангинпӯстон, бомборони рӯзонаи мардуми Яман тавассути таслиҳоти амрикоӣ, террори ноҷавонмардонаи Сардор Сулаймонӣ  тавассути давлати Амрико дар Ироқ аз дигар мавориди  нақзи ҳуқуқи башар тавассути Амрико дар ҷаҳон аст.

Бештар бихонед: 

Барчасп