Гузориши сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз раванд музокироти лағви таҳримҳо
(last modified Thu, 30 Jun 2022 05:40:25 GMT )
Июн 30, 2022 10:40 Asia/Dushanbe
  • Дар мавриди идомаи масир ва марҳалаи баъдии гуфтугӯҳо тибқи риволи ҳамеша Боқирӣ ва Мора дар тамос хоҳанд буд
    Дар мавриди идомаи масир ва марҳалаи баъдии гуфтугӯҳо тибқи риволи ҳамеша Боқирӣ ва Мора дар тамос хоҳанд буд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз тадовуми гуфтугӯи музокира кунандаи аршади Эрон бо муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо барои музокироти лағви таҳримҳо дар Дуҳаи Қатар хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, Носири Канъонӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар Твиттер бо ишора ба музокироти рафъи таҳримҳо, гуфтугӯҳои фишурдае тайи рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе бо васолати  Энрике Мора муовини масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Дуҳа баргузор шуд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Назарот ва пешниҳодҳои амалиёти Эрон дар бораи мавориди  боқи монада матраҳ шуд ва тарафи муқобил низ мулоҳизоти худро ироа кард.

Канъонӣ афзӯд: Дар мавриди идомаи масир ва марҳалаи баъдии гуфтугӯҳо тибқи риволи ҳамеша Боқирӣ ва Мора дар тамос хоҳанд буд.