Вуруди пайкарҳои 35 шаҳиди нав кашфшудаи дифои муқаддас ба хоки Эрони Исломӣ
(last modified Thu, 30 Jun 2022 10:53:35 GMT )
Июн 30, 2022 15:53 Asia/Dushanbe
  • Вуруди пайкарҳои 35 шаҳиди нав кашфшудаи дифои муқаддас ба хоки Эрони Исломӣ
    Вуруди пайкарҳои 35 шаҳиди нав кашфшудаи дифои муқаддас ба хоки Эрони Исломӣ

Ҳамзамон бо солрӯзи шаҳодати Имом Ҷавод(а) пайкарҳои поку мутаҳҳари 35 шаҳиди нав кашфшудаи даврони дифоъи муқаддас аз марзи Шаламча дар устони Хузистон? ҷануби ғарби Эрон вориди хоки Эрони Исломӣ шуд.

Артиши мутаҷовизи режими Садоми дектатори эъдомшудаи Ироқ 22 сентябри соли 1980 бо ҳадафи барандозии низоми навпоӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кумаки ҳамаҷонибаи истикбори ҷаҳонӣ, ҷангро ба Эрони Исломӣ таҳмил кард, ки ин ҷанг ҳашт сол идома ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Сайид Муҳаммади Боқирсоза, раиси кумитаи ҷустуҷӯи мафқудони ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар маросими истиқбол аз пайкарҳои мутаҳҳари 35 шаҳиди нав кашф шудаи даврони дифоъи муқаддас дар марзи Шаламча, гуфт: Ин шуҳадо марбут ба амалиётҳои Валфаҷри муқаидмоти, Хайбар, Бадр, Карбалои 5 ва такдушман дар охирҳо, минтақаҳои амалиётии Факка, шарқи Деҷла ва Шаламча ҳастанд.

Генерал Боқирзода афзуд: Пайкари ин шаҳидон имрӯз ба Аҳвоз мунтақил ва маросими бузургдошт дар меъроҷу шуҳадои Аҳвоз баргузор мешаванд ва пас аз ин барои шиносоӣ ба Теҳрон мунтақил хоҳанд шуд.