Июл 03, 2022 17:42 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён Димишро ба мақсади Теҳрон тарк кард
    Амир Абдуллоҳиён Димишро ба мақсади Теҳрон тарк кард

Вазири умури хориҷаи Эрон дар поёни сафари як рӯза ба Сурия, Димишқро ба мақсади Теҳрон тарк кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷа барои гуфтугӯ бо мақомоти олирутбаи Сурия вориди Димиш шуд ва бо Башор Асад, раиси Ҷумҳурии Сурия ва Файсал Алмеқдод, вазири умури хориҷаи Сурия дидор кард ва дар бораи масоили дуҷониба ва минтақавӣ гуфтугӯ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо гуруҳҳои фаластинии муқими Сурия низ эълом кард режими саҳюнистӣ ба лиҳози амниятӣ ва сиёсӣ дар бадтарин шароити худ ба сар мебарад.

Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин дар бораи равобити Эрон бо Арабистон ва Миср эъломи мавзеъ карду гуфт: Эрон аз одисозии равобит бо Арабистон истиқбол мекунад, ҳамчунин тақвият ва густариши равобит миёни Теҳрон ва Қоҳираро ба фоидаи минтақа ва ҷаҳони Ислом медонад.

 

Барчасп