Таъкиди раиси Маҷлиси Эрон бар оқибатҳои нақзи БАРҶОМ
(last modified Wed, 30 Nov 2016 15:31:32 GMT )
Ноябр 30, 2016 20:31 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси Маҷлиси Эрон бар оқибатҳои нақзи БАРҶОМ

Раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ Эрон нақзи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) мавзӯе нест, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба содагӣ аз канори он гузар кунад.

Алии Лориҷонӣ - раиси маҷлиси Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Фуникси Чин, тамдиди эҳтимолии таҳримҳо зидди Эронро нақзи БАРҶОМ донист ва афзуд: БАРҶОМ на як тавофуқи дутарафа, балки тавофуқи байналмилалӣ аст ва 6 кишвари муҳими дунё аз ҷумла Чин дар ин замина нақш доштанд.

Лориҷонӣ таъкид кард: Маҷлиси шӯрои исломии Эрон қонунеро тасвиб кардааст, ки бар асоси он метавонад дар шароите, ки кишваре бихоҳад ба тааҳҳудоти худ амал накунад, дар бораи посухи Ҷумҳурии исломӣ ба ин гуна иқдомот тасмимгирӣ кунад.

Раиси маҷлиси шӯрои исломии Эрон тасреҳ кард: Теҳрон ба тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ амал кардааст, аммо агар тарафи муқобили масири худро тағйир диҳад, Эрон низ ба таносуб бо он тағйиротеро эҷод мекунанд.

Лориҷонӣ дар идома амалкарди Амрико ва муттаҳидонаш дар Ховари Миёна, ба вижа Сурияро иштибоҳ донист ва тасреҳ кард: Онҳо имрӯз мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки буҳрони Сурия роҳи ҳали низомӣ надорад ва бояд ба самти роҳи ҳали сиёсӣ рафт.

Лориҷонӣ ҳамчунин бо ишора ба тадовуми бомбаборони Яман таъкид кард: Куштори занон ва кӯдакон дар ин кишвар мавзӯе нест, ки ба содагӣ фаромӯш шавад ва қатъан дар хотираи миллати Яман мемонад.

Раиси маҷлиси Эрон гуфт: Саудиҳо як иштибоҳи стратегиро дар масъалаи Яман муртакиб шуданд ва идаои дахолати Эрон дар умури Яманро мекунанд, дар ҳоле ки Эрон ҳеҷ дахолате намекунад ва ин як низои таърихии байни Яман ва Арабистон аст.