Июл 04, 2022 16:20 Asia/Dushanbe
  • Таърих ҳеҷгоҳ ҷиноятҳои Амрико зидди миллати Ветнамро аз ёд нахоҳад бурд
    Таърих ҳеҷгоҳ ҷиноятҳои Амрико зидди миллати Ветнамро аз ёд нахоҳад бурд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ойини дарёфти устуворномаи сафири ҷадиди Ветнам дар Теҳрон гуфт: Таърих ҳеҷгоҳ ҷиноятҳои Амрико зидди миллати Ветнамро аз ёд нахоҳад бурд.

Маргбортарин ҷанги Амрико дар Ветнам рух дода аст, теъдоди ғайринизомиёни ветнамӣ беш аз ду миллион кушта баровурд мешавад ва як миллиону 800 ҳазор нафари дигар дар ҷараёни ҷанг кушта шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Лунг Кук Ҳувӣ, сафири ҷадиди Ветнам гуфт: Эрон ваетнамиҳоро мешиносад, ки дар баробари истъемор ва султаталаби истодаги карданд ва дар ин бора ду кишвар мавзеъҳои наздики ба якдигар доранд.

Раисӣ ҳамчунин бо ишора ба равобити дустонаи миёни Теҳрон-Ханой изҳор кард, сатҳи феълии ҳамкори ва равобити Эрон ва Ветнам муносиб бо зарфиятҳои мутанавеъи мавҷуд дар ду кишвар нест.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард баргузории муназами нишастҳои комисюнҳои муштараки ҳамкории иқтисодӣ метавона ба ёфтани роҳкорҳои ба феълият расондани зарфияҳои ду кишвар дар арсаҳои кишоварзӣ, фароварӣ, ҳамлу нақл ва дигар арсаҳо кумак кунад.

Лунг Кук Ҳуви, сафири ҷадиди Ветнам дар Эрон низ дар ин маросим бо баёни ин ки эрониён, мардуми сулҳдуст бо фарҳанг ва тамадуни ғани ва таърихи ҳастанд изҳор кард: Эрон бо вуҷуди солҳои таҳриму фишор ба пешрафтҳо ва дастовардҳои бисёр дурахшоне даст ёфта аст.

Сафири Ветнам дар Теҳрон бо қадрдонӣ аз сиёсати хориҷии фаъоли Ҷумҳурии Исломии Эрон ва авлавият қоил шудан барои тавсеаи равобит бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таъкид кард Ветнам ҳамвора равобити хуби бо Эрон дошта аст ва барои иртиқои сатҳи ҳамкориҳо ба вижа дар арсаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ талош мекунад.

Эрон ва Ветнам равобити деринае бо якдигар доранд бозаргонони эронӣ дар қарни 15 ба Ветнам сафар мекарданд ва дар он замон равобити иқтисдоии зиёди байни ду кишвар барқарор буд.