Июл 09, 2022 18:23 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими пур файзи дуои Арафа дар саросари Эрон
    Баргузории маросими пур файзи дуои Арафа дар саросари Эрон

Оини пурфайз ва руҳбахши дуои Арафи Имом Ҳусейн(а) бо ҳузури пуршури мардум дар саросари Эрони Исломӣ баргузор шуд.

Мардуми Эрони Исломӣ рӯзи шанбе нуҳуми зилҳаҷа барои баргузории маросими дуои Арафа дар маконҳои мутабарика, имомзодагон, масҷидҳо, ҳусейнияҳо ва мусаллоҳо дар саросари Эрон ҳузур ёфтанд ва дуои Арафаро ба ёди дуои имом Ҳусейн(а) сувумин имоми шиъаён дар саҳрои Арафот замзама ва аз даргоҳи Илоҳи талаби мағфират карданд.

Ҳамчунин ҳазорон нафар аз зоирон ва муҷовирони боргоҳи манавари Разавӣ дуои рӯзи Арафаро дар ҳарами Имом Ризо(а) дар Машҳад қироат карданд.

Қироати дуои Арафаи имом Ҳусейн(а) дар нуҳумин руз аз моҳи зилҳаҷа пас аз намози зуҳр ва аср то ғуруби офтоб бо истиқболи пуршури мардуми мусалмони Эрон дар саросари кишвар баргузор мешавад.

Дуои Арафа дуои мансуб ба Имом Ҳусейн(а) аст, ки бар асоси ривоятҳои ишон ин дуоро дар рӯзи Арафа ва дар саҳрои Арафот дар Макаи Мукарама дар канори ҳамроҳонаш қироат карда аст.

Имрӯз шанбе 9 зилҳаҷа, 9 июл соли 2022 рӯзи Арафа аст.

 

Барчасп