Табрики иди саиди Қурбон
Рӯзи якшанбе даҳуми зилҳаҷаи соли 1443 ҳиҷри қамарӣ барбар бо 10 июли соли 2022 иди саиди Қурбон аз идҳои бузурги мусалмонон аст.
Дар иди саиди Қурбон ҳоҷиёне, ки ба зиёри хонаи Худо рафтанд ба дастури Худованд ва барои ризои Ӯ қурбони мекунанд ва хотираи Паёмбари Илоҳи ҳазрати Иброҳим(а)-ро зинда ва гирмои медоранд.
Худованд барои озмуни имон ва ихлос ба ҳазрати Иброҳим(а) маъмурият дод, ки фарзандаш ҳазрати Исомил(а)-ро дар роҳи Худованд қурбони кунад. Ҳазрати Иброҳим(а) бо вуҷуди душвории ин кор ба фармони Илоҳи гардан ниҳод ва барои иҷрои ин маъмурият муҳаё шуд, аммо ҳарчи талош кард корд гали фарзандаш ҳазрати Исмоил(а)-ро набурид. Ин дар ҳоле ба ҳазрати Иброҳим(а) хитоб шуд аз имтиҳони Илоҳи сарбаланд берун омада аст ва онгоҳ гусфанде фиристода шуд ва ҳазрати Иброҳим(а) онро ба ҷои ҳазрати Исмоил(а) қурбони кунад.
Ин моҷарои ибратангез дарси фадокори аз худгузаштагӣ, ғалаба бар ҳавои нафс ва таслим дар баробари фармони Худованд аст. Ба ҳамин далел мусалмонони ҷаҳон низ рӯзи даҳуми зилҳаҷаро ба унвони як иди бузург ва бо шукуҳи исломӣ гироми медоранд ва аз он дарси ихлос ва бандагӣ меомӯзанд.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани иди саиди Қурбонро ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон табрику таҳният мегуяд.