Июл 10, 2022 20:14 Asia/Dushanbe
  • Футболисти тоҷик пагоҳ вориди Эрон мешавад

Футболисти тоҷикистонии мадди назари бошгоҳи футболи Зуби Оҳани Эрон пагоҳ ба Эрон меояд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабарнигори варзишии ИЛНА, бошгоҳи Зуби Оҳани Исфаҳон бо назари Меҳдии Тортор қасд дорад як бозикуни тоҷикистонӣ дар хати миёнӣ ба хизмат бигирад ва ин бозикун, ки Эҳсони Панҷшанбе ном дорад қарор аст фардо барои музокироти ниҳоӣ вориди Эрон шавад .

  • Эҳсони Панҷшанбе бозикуни хатти миёнии тоҷикистонӣ, ки 34 бозии миллӣ дар корномаи худ дорад ва дар музокироти аввалия бо мудирони Зуби Оҳан ба тавофуқ расида ва қарор аст барои таъйиди ниҳоӣ аз сӯи Тортор ба тамринот биёяд ва агар мушкили хосе рух надиҳад қарордодаш ба имзо хоҳад расид 

Дар сурати ҷазби ин бозикун бошгоҳи Зуби Оҳан аз ба хизмат гирифтани Сомони Наримонҷаҳон мунсариф хоҳад шуд .

 

Барчасп