Монеъи аслии эҳёи БарҶом фиқдони тасмимгирии сиёсии Амрико аст
(last modified Tue, 12 Jul 2022 05:29:45 GMT )
Июл 12, 2022 10:29 Asia/Dushanbe
  • Аббоси Боқирипури Ардаконӣ сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Вена
    Аббоси Боқирипури Ардаконӣ сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Вена

Сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Вена бо ишора ба рафтори масъулонаи Эрон дар музокироти эҳёи БарҶом, таъкид кард: монеъи аслии эҳёи БарҶом фиқдони тасмимгирии сиёсии Амрико аст.

Музокирот дар Вена ба далели ибтикороти тими музокира кунандаи Эрон пешрафтҳоеро таҷрӯба карда буд аммо таълули тарафҳи ғарбӣ ба вижа давлати Ҷу Бойден барои ҷуброни иқдомоти ғайри қонунии давлати пешини Амрико ва тадовуми корзори фишори ҳадди аксари, мунҷар ба тардидҳое дар ҷидияти ин кишвар барои бозгашт ба БарҶом ва тӯлони шудани раванди гуфтугӯҳо шудааст.

Аббоси Боқирипури Ардаконӣ сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Вена дар гуфтугӯ бо маҷалаи сиёсӣ, иқтисоди Автрияи " дипломоси ва тиҷорӣ" гуфт:

Беш аз чаҳор сол аст, ки асосан баҳрае аз мозиёи БарҶом набурдаем ва бархе давлатҳо аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ, ба таъаҳудоти худ пойбанд набудаанд, таъсуфбортар ин,ки онҳо чашмони худро ба рӯи таҳримҳои ғайри қонуни ва ғайри инсонии Амрико, ки дар ҳукми терроризми иқтисодӣ алайҳи мардуми Эрон ҳастанд бастаанд.

Сафири Эрон дар Вена афзӯд: Меъроси шармовари Доналд Трамп раси Ҷумҳӯри собиқи Амрико яъне таҳримҳои ғайриинсонӣ алайҳи мардуми оддии Эрон дар давлати кунӯнии Амрико  ҳанӯз ҳам идома дорад.

Сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Вена, ҳамчунин гуфт: Баъд аз хурӯҷи Амрико аз БарҶом , ки нақзи ошкори қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид буд, Эрон ҳамчунон ва беш аз як сол ба таври комил ба БарҶом пойбанд буд.

Боқирпури  Ардаконӣ хотирнишон кард: Ҳатто фурсати кунӯнии  мавҷуд барои баҳс дар хусӯси бозгашт ба тавофуқ низ ба далели он аст, ки Эрон масъулона ва дурандешона амал кард, аммо дар ҳоли ҳозир монеъи аслии эҳёи БарҶом фиқдони тасмимгирии сиёсии Амрико аст.