Июл 12, 2022 12:12 Asia/Dushanbe
  • Заҳро Иршодӣ, сафир ва муовини намояндагии доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид,
    Заҳро Иршодӣ, сафир ва муовини намояндагии доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид,

Муовини намояндагии Эрон дар Созмони Миллал эълом кард: Эрон бо зарфиятҳо ва тавонмандиҳои мунҳасир ба фарди худ ва ба унвони пул ва ҳалқаи иртиботии муҳим миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, омодаги дорад то ҳавзаи интисоли миёни ду минтақаро иртиқо бахшид.

Ба гузориши Садои Хуросон, Заҳро Иршодӣ, сафир ва муовини намояндагии доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид, рӯзи душанбе дар суханоне дар маҷмӯъи умумии Созмони Миллал бо мавзӯъи интисоли миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гуфт: Аз назари Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, мавзӯъи интисоли Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва низ тавсиаи ҷомеъ ва пойдори равобит миёни ин ду ҳавза бар мабнои равобити дустонаи суннати миёни миллатҳои думинтақа бо ҳадафи тақвияти иртибототи таърихӣ ва фарҳангии мавҷӯд, ҷойгоҳ ва аҳамияти вижае дорад.

Иршодӣ зимни таъкид бар  зарурати иртиқои ҳамкориҳои думинтақа дар ҳама абъод ба вижа иқтисод, сармоягузорӣ, энергия, ҳамлу нақл ва фанновариҳои навин, аҳамияти интисоли минтақаӣ ва байни минтақаӣ ва низ иқдомоти муштарк дар ҳавзаи тавсиаи зерсохтҳо, ҳамафзоӣ дар сиёсатгузориҳо ва ҳамкориҳои бидуни монеъи иқтисодӣ ва молиро мавриди ишора қарор дод.

Сафир ва муовини намояндагии Эрон дар Созмони Миллал дар бахъши дигаре зимни таъкид бар нақши  Созмонҳои минтақаӣ дар иртиқои интисоли байни минтақаӣ ва фароминтақаӣ гуфт: Ҷумҳӯрии Исломии Эрон тадоввум ва тақвияти ҳамкориҳои миёнии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубро аз тариқи иртиқои зерсохтҳои ҳамлу нақл ва иртибот ва низ тақвияти каридурҳои байналмиллалӣ, ки ба боз шудани масирҳои амни тиҷорӣ ба бандарҳо мунтаҳи мешавад, ташвиқ мекунад.

 

Иршодӣ дар поён, таъсироти манфии иқдомоти якҷонибаи қаҳромези ғайриқонуни аз ҷумла таҳримҳои номашрӯъи якҷониба бар рӯи мавзӯъи интисол миёни осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро мавриди ишора қарор дод ва таъкид кард  дар ин равобит бояд аз сиёсӣ кардани мавзӯъи муҳим монанди интисол миёни ду минтақа иҷтиноб шавад.

 

Барчасп