Июл 15, 2022 16:20 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Ғадир масъалаи истисноии таърихи башар аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, масъалаи Ғадир - масъалаи истисноии таърихи башар аст.

18 зилҳаҷҷаи 1443 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 18 июли 2022 рӯзи иди саиди Ғадири хум, аз аъёди бузурги мусулмонон аст.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: Ғадир нишонае аз ҷомеияти Ислом ва нақшаи роҳи ҷомеаи исломӣ аст ва оянданигариро барои ҷомеаи исломӣ дар дастури кор қарор дорад.

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ афзуд: Тақво пуштвонаи дунё ва охират аст ва дар Қуръони Карим омадааст: Ҳар кас Худоро ҳарим нигаҳ дорад, Худованд бунбастҳоро аз пеши пойи ӯ боз мекунад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин ҳифзи ҳиҷоби исломиро хости ҳамаи миллати Эрон донисту афзуд, ҳиҷоб барои бонувон каромат, шарофат ва як арзиш аст.

 

Барчасп