Корхонаи тасфияи партобҳои Хайнараби Машҳад ифтитоҳ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i8860-Корхонаи_тасфияи_партобҳои_Хайнараби_Машҳад_ифтитоҳ_шуд
Корхонаи тасфияи партобҳои Хайнараби Машҳад бо зарфияти 83 ҳазор метри мукааб, рӯзи панҷшанбе ҳамзамон бо оғози моҳи рабеъулаввал бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 01, 2016 12:50 Asia/Dushanbe
  • Корхонаи тасфияи партобҳои Хайнараби Машҳад ифтитоҳ шуд

Корхонаи тасфияи партобҳои Хайнараби Машҳад бо зарфияти 83 ҳазор метри мукааб, рӯзи панҷшанбе ҳамзамон бо оғози моҳи рабеъулаввал бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ шуд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар боздид аз бахшҳои мухталифи ин корхона дар Машҳад, ки шомили 12 махзан бо фароянди “SBR” пешрафтааст,  бо тавзеҳи мудирон ва муҳандисони иҷроии ин тарҳ, дар ҷараёни чигунагии эҳдос ва наҳваи амалкарди он қарор гирифт ва пас аз пардабардорӣ аз ёдмон, бо ҳузур дар утоқи контрол, дастури оғози баҳрабардорӣ аз ин тасфияхонаро содир кард.  Калоншаҳри Машҳад бо 328 километри мурабба/масоҳат ва 3,5 миллион нафар ҷамъият, солона пазирои 25 миллион зоир ва мусофир аз  гушаву канори Эрон ва ҷаҳон аст.