Июл 19, 2022 21:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Ҷумҳурии Русия бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ
    Дидори раиси Ҷумҳурии Русия бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

Раиси Ҷумҳурии Русия бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия, ки баъд аз зуҳри имрӯз сешанбе барои ҳузур дар ҳафтумин нишасти сарони раванди Остона ба Теҳрон сараф карда аст ба ҳамроҳи Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломи дидор ва гуфтугӯ кард.

Раиси Ҷумҳурии Русия барои ҳузур дар ҳафтумин нишасти раванди Остона ё сулҳи Сурия ба Теҳрон сафар карда аст.

Дар нишасти сеҷонибаи Эрон, Туркия ва Русия раисони ҷумҳурии се кишвар дар бораи таҳавулоти ахири дар Сурия ва мубориза бо терроризм аз ҷумла зидди ДИИШ ва ПКК ва бозгашти доталабонаи паноҳандагони сурӣ ба хонаҳои хеш гуфтугӯ ва табодули назар мекунанд.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси Ҷумҳурии Туркия рӯзи гузашта ба Теҳрон сафар карда аст.

Машруҳи ин хабар пас аз дарёфт аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баъдан мунташир хоҳад шуд.

 

Барчасп