Июл 21, 2022 18:48 Asia/Dushanbe
  • Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон: Ҷурати хиёлпардозии ҳамла ба Эрон аз зеҳни душман нобуд хоҳад шуд
    Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон: Ҷурати хиёлпардозии ҳамла ба Эрон аз зеҳни душман нобуд хоҳад шуд

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Агар душман заррае хиёли ҳамла ба Эронро дар зеҳн дошта бошад, ҷурат ва хисорати чунин хиёлпардози аз зеҳни онҳо нобуд хоҳад шуд.

Ба гузориши ИРНА, генерал Муҳаммади Боқири, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи панҷшанбе дар гирдиҳамоӣ саросарии фармондеҳон ва масъулони нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Машҳад маркази устони Хуросони Разавӣ Эрон воқеъ дар шимоли шарқи Эрон бо ишора ба раванди таҳавулоти даврони чилсолаи чанги сард ва пас аз оғози раванди заволи қудрати Амрико афзуд: Ин руйдодҳо ҳамаги далел ва нишонаи равшани бар вуруди дунё ба марҳалаи ҷадид ба унвони даврони гузор аст.

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон аз вижагиҳои даврони гузор ба ҷангҳо ва руйдодҳои солҳои ахир, дастабандиҳо ва бесуботиҳои ғайри қобили пешбини, тавсеаи НАТО ба шарқ ва таҳарукоти тези бархе кишварҳои минтақа барои касби имтиёз ишора карду гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар миёни тамоми ин буҳронҳо, нигарониҳо, ноамниҳо ва бесуботиҳо бо раҳбарии ва фармондеҳии беназири фармондеҳи муаззами кулли қувво ва ҳамроҳи ва ҳушёрии мардум мувафақиятҳои фаровони касб карда аст.

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Нигоҳи руйдодҳои се солаи ахир аз ҷумла инҳидоми паҳподи роҳбурдии душман, нақшофаринии мувафақи минтақаӣ нерӯҳои мусаллаҳ дар шухки ва замин ва дарё муқобилаи муваффақ бо террористҳои ДИИШ ва барқарории амнияти пойдор дар кишвар, марзҳо ва минтақаҳои пайромуни марз ва иритиқои тавон, омодаги ва қудрати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаҳои мушакӣ, паҳподӣ, дарёӣ, заминӣ ва... дар эҷоди заминаҳои нокомии душман комилан таъсиргузор буда аст.

 

Барчасп