Июл 24, 2022 08:52 Asia/Dushanbe
  • Сафирон манофеъ ва арзишҳои Ҷумҳурии исломии Эронро таъмин кунанд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Сафирону намояндагони Эрони исломӣ муваззаф ба таъмини манофеъ ва арзишҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷамъе аз сафирони ҷадиди Ҷумҳурии исломии Эрон пеш аз азимат ба маҳалли маъмурияти худ бо раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтугӯ карданд.
Сайид Иброҳим Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин дидор сафиронро намояндагони низоми исломӣ муаррифӣ кард, ки бояд манофеъ ва арзишҳои Ҷумҳурии исломии Эронро намояндагӣ ва таъмин кунанд .
Раисӣ зимни таъкид бар лузуми арзёбии амалкарди суфаро бар асоси аҳдофи таъйиншуда барои ҳар кишвар аз ҷумла мизони кумак ба тавсеъаи иқтисодии Ҷумҳурии исломии Эрон тавваҷуҳи вижа ба умӯри эрониёни хориҷ аз кишвар, риояту басти арзишҳои исломӣ ва инқилобӣ дар рафтори фардӣ ва хонаводагии суфаро ва муқобила бо ҳар гуна равобити носолими иқтисодӣ дар ҳавзаи маъмурият, ононро муваззаф ба талош барои таҳаққуқи ниҳоии аҳдофу сиёсатҳои кишвар донист .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин барои сафирони Ҷумҳурии исломии Эрон дар кишварҳои Полша, Гурҷистон, Сиерра Леоне, Ҷумҳурии Чехия, Лубнон, Ҳинд ва ҳамчунин намояндагии Эрон дар Созмони Миллал дар Нию-Йорк орзӯи муваффақият кард .

 

 

Барчасп