Декабр 02, 2016 16:37 Asia/Dushanbe
  • Аҳдшикании Амрико дар БАРҶОМ ва тамдиди таҳримҳои 10 - солаи Эрон

Лоиҳаи тамдиди даҳсолаи таҳримҳои Эрон бо 99 раъйи мусбат ва бидуни раъйи манфӣ, рӯзи панҷшанбе дар Сенати Амрико тасвиб шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, пеш аз ин Маҷлиси намояндагони Амрико низ лоиҳаи тамдиди қонуни даҳсолаи таҳримҳои Эронро бо ҳимояти ҳар ду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демаократ тасвиб карда буд.

Ин лоиҳа, ки бо 419 раъйи мувофиқ дар баробари як раъйи мухолиф дар Маҷлиси намояндагони Амрико тасвиб шуд, акнун барои тамдиди ниҳоӣ бояд аз сӯйи раиси ҷумҳурии Амрико имзо шавад.

Қонуни таҳримҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳоле тамдид мешавад, ки Доналд Трамп, номзади пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико аз сиёсати давлати кунунии ин кишвар дар қиболи Эрон интиқод карда буд.

Ҳомиёни лоиҳаи тамдиди қонуни як даҳаии таҳримҳои Эрон муддаӣ ҳастанд, ки тамдиди қонуни таҳримҳои Эрон ба Амрико имкон медиҳад Теҳронро дар сурати пойбанд набудан ба асли тавофуқномаи ҳастаӣ муҷозот кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Амрико аз замоне, ки тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ дар январ амалӣ шуд, ба тааҳҳудҳои худ дрчочўби ин тавофуқ амал накардааст.

Қонуни таҳримҳои Эрон нахустин бор дар соли 1996 дар Конгресси Амрико тасвиб шуд ва аз он замон то кунун чанд мартаба тамдид шудааст.

Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кардааст, ки тамдиди қонуни таҳримҳои Эрон ба маънии тасвиби таҳримҳои ҷадиду нақзи ошкори тавофуқи ҳастаӣ аст.

 

Барчасп