Имонипур: Сиёсати Эрон густариши таомулоти фарҳангӣ бо Эрон аст
(last modified Fri, 29 Jul 2022 12:22:48 GMT )
Июл 29, 2022 17:22 Asia/Dushanbe
  • Имонипур: Сиёсати Эрон густариши таомулоти фарҳангӣ бо Эрон аст

Раиси Созмони фарҳангу иртибототи исломии Эрон густариши равобит бо кишварҳои ҳамсояро авлавияти давлати Эрон эълом кард.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммадмаҳдии Имонипур, раиси Созмони фарҳангу иртибототи исломии Эрон асри панҷшанбе дар ихтитомияи даҳумин иҷлоси ройзанони фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар хориҷи кишвар, бо ёдоварии сафари вазирони фарҳангии кишварҳои Ироқ, Сурия ва Лубнон ба Эрон ибрози умедворӣ кард, сафирони фарҳангии дигар кишварҳои исломӣ низ ҷиҳати густариши таомулоти фарҳангӣ ба Эрон сафар кунанд.

Имонипур бо таъкид бар ин ки гуфтумони инқилоб ва улгӯи инқилоби исломӣ дар ҷаҳон тарафдорони зиёде дорад, гуфт: ройзанони фарҳангии Эрон аз ҳамаи зарфиятҳои худ дар арсаи ҷиҳодӣ равшангарӣ истифода кунанд.

Иҷлоси даҳуми ройзанони фарҳангии Эрон дар хориҷ аз кишвар пас аз вақфаи 10 сола ва бо шиори "Дипломатияи фарҳангии донишбунён, ҳамгаро, содироти фарҳангӣ" 23 июл дар Теҳрон оғоз ва рӯзи гузаштаи 28 июл ба кори худ поён дод.