Роҳёбии тими миллии голболи Эрон ба финали қаҳрамонии Осиё
Июл 29, 2022 19:36 Asia/Dushanbe
Дар идомаи рақобатҳои голболи қаҳрамонии Осиё, ки дар Баҳрайн дар ҳоли баргузорӣ аст, тими миллии голболи мардони Эрон бо шикасти тими Ҷопон дар марҳалаи ниманиҳоӣ ба финали ин рақобатҳо роҳ ёфт.
Дар идомаи рақобатҳои голболи қаҳрамонии Осиё дар Баҳрайн, тими миллии голболи мардони Эрон дар марҳалаи ниманиҳоӣ баробари Ҷопон ба тасовии 6 бар 6 расид ва сипас дар вақти изофӣ бо зарбаи голи тиллоии Мелоди Сурӣ тими Ҷопонро шикаст доду роҳии финал шуд.
Тими голболи мардони Эрон дар марҳалаи гуруҳӣ бо тимҳои Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопону Таиланд ҳамгуруҳ ва бо пирӯзӣ баробари Таиланду Австралия ба марҳалаи ниманиҳоӣ боло рафт.