Июл 30, 2022 09:41 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои амниятӣ ва иттилоотии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз ҳаргӯна таҳрикоти душман  ба хуби огоҳанд
    Нерӯҳои амниятӣ ва иттилоотии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз ҳаргӯна таҳрикоти душман ба хуби огоҳанд

Вазири иттилооти Эрон гуфт: Амрико бо истифода аз ҷанги нарм ва таҳримҳои золимона ба дунболи эҳёи салтаи заиф шудаи худ дар минтақа аст.

Ба гузориши Садои Хуросон,  ҳуҷҷат-ал-ислом "Саид Исмоили Хатиб" дар Ҷаласаи Шӯрои таъмини устони Курдистон, Ғарбӣ Эрон, бо ишора ба таҳрикоти гурӯҳакҳои зиддӣ Инқилоб,  ба кишварҳое, ки замина ва бастарҳои зиддӣ Ҷумҳӯрии Исломии Эронро фароҳам мекунанд, ҳушдор дод ва афзӯд: Кишварҳое, ки ба душманони миллати Эрон кумак мекунанд мунтазири талофи бошанд.

Вазири иттилооти Эрон таъкид кард: Нерӯҳои амниятӣ ва иттилоотии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон аз ҳаргӯна таҳрикоти душман  ба хуби огоҳанд ва иқдомоти таҳоҷуми ва офанди дар дастури кори ҷомеъи иттилоот аст.

Вазири иттилооти Эрон ҳамчунин дар дидор  бо намояндаи Валии Фақиҳ, намояндаи мардуми Курдистон дар Маҷлиси хубрагони Раҳбарӣ ва  Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар ақалиятҳои динӣ ва мазҳабӣ аз мардуми  Курдистон ба унвони марздорони ғаюри Эрони Исломӣ ном бурду гуфт:  Иртиқои амнияти пойдори кунунии устон ҳосили ҳамроҳи ва ҳамкории  мардум аст.

Барчасп