Амрико ба дунболи эҳёи султаи заифшудаи худ дар минтақа аст
Вазири иттилоъоти Эрон гуфт: Амрико бо истифода аз ҷанги намр ва таҳримҳои золимона ба дунболи эҳёи султаи заифшудаи худ дар минтақа аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷатулислом вал муслимин Сайид Исмоили Хатиб дар ҷаласаи шӯрои таъмини устони Курдистони бо ишора ба таҳаррукоти гуруҳаккҳои зидди инқилоб ба кишварҳое, ки замина ва бистари иқдом зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро фароҳам мекунанд ҳушдор дод ва афзуд: Кишварҳое, ки ба душманони миллати Эрон кумак куннанд, интизори посухи сахти Эрон бошанд.
Вазири иттилоъоти Эрон таъкид кард: Нерӯҳои амнияти ва иттилоъотии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳаргуна таҳаррукоти душман ба хуби огоҳанд ва иқдомоти таҳоҷуми ва дифоъи дар дастури кори ҷомеъаи иттилоъоти аст.
Вазири иттилоъоти Эрон ҳамчунин дар дидор бо намояндаи валифақиҳ, намояндаи мардуми курдистон дар Маҷлиси хубрагони раҳбари ва мушовири раиси Ҷумҳуриии Исломии Эрон дар умури ақалиятҳои динӣ ва мазҳаби аз мардуми Курдистон ба унвони марздорони ғаюри эрони исломӣ нобурду гуфт: Иртиқои амнияти пойдори кунунии устон ҳосили ҳамроҳи ва ҳамкории мардум аст.