Июл 31, 2022 11:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди 90 дарсати таҷҳизоти ҳавзаи фанноварии ҳастаӣ,  тавлиди дохили ва натиҷаи пуштткори донишмандони эронӣ аст
    Ҳудуди 90 дарсати таҷҳизоти ҳавзаи фанноварии ҳастаӣ, тавлиди дохили ва натиҷаи пуштткори донишмандони эронӣ аст

Пежмони Шермуродӣ муовини Созмони энергияи атомии Эрон, таъкид кард Эрон дар тавлиди таҷҳизоти ҳавзаи фанноварии ҳастаӣ ба худкифоӣ расидааст.

Пежмони Шермуродӣ бо эъломи инки тасвиби қонуни иқдоми роҳбӯрди дар ҷаласаи Шурои Исломӣ муҷиби тавлидии сухти 60 дарсади ва роҳандози сонтрифиюжҳои  "Ой Ор 6" шуд, гуфт: Дастовардҳои Созмони энергияи атомӣ барги барандаи тими музокира кунандааст. Бештарин тарси  музокира кунандаи ғарбӣ, илм ва дониши бумии мавҷуд дар кишвар аст.

Шермуродӣ таъсири таҳримҳоро муҷиби худбоварии бештар, шиносоии зарфиятҳои дохилӣ, омили гузар аз марзҳои дониш ва таҳқиқи воқеъии фармоиши "Мо метавонем" Имом Хумайнӣ (а) донист ва тасреҳ кард:   Ҳудуди 90 дарсати таҷҳизоти ҳавзаи фанноварии ҳастаӣ,  тавлиди дохили ва натиҷаи пуштткори донишмандони эронӣ аст ва ин амр агар вобаста ба хориҷ аз марзҳо буд муҳақақ намешуд.

Таъкиди  муовини Созмони энергияи атомиии Эрон дар заминаи худкифоӣ дар заминаи таҷҳизоти ҳавзаи фанноварии ҳастаӣ бо таваҷҷӯҳ ба фишорҳо ва эҷоди анвои маҳдудиятҳо аз сӯйи ғарбиҳо ба вижа таҳрими мавод ва таҷҳизоти муртабит ба фанноварии ҳастаӣ аҳамияти дучандон меёбад, дар воқеъ  азми милли ва талошҳои мустамир ва ҷаҳодгунаи мутахасисони ҳастаӣ муҷиб шуда то Эрон дар арсаи фанноварии сулҳомези ҳастаӣ ба муваффақиятҳои шоёни таваҷҷӯҳе даст ёбад.

Акнун Эрон тавонист дар заминаҳои мухталиф аам аз тавлиди барқ, пизишкӣ, кишоварзӣ ва соири арсаҳо аз   фанноварии ҳастаии сулҳомез то ҳадди густардае истифода кунад. Ба вижа бо таваҷҷӯҳ ба чашмандози ниёзи Эрон ба барқ, тавлиди барқ тавассути нерӯгоҳҳои ҳастаии мадди назар қарор гирифтааст.

Муовини Созмони энергияи атомии Эрон, дар мавриди аҳдофи таин шуда дар бахши тавлиди барқ гуфт: Бар асоси санади ҷомеъи роҳбӯрдии Созмони энергияи атомӣ дар уфуқи 1420 тавлиди 10 ҳазор меговот барқи ҳастаии пешбинӣ шуда, ки рӯйкарди Созмони тавлиди реактур комилан эронӣ ва бумӣ дар канори истифода аз зарфиятҳои хориҷӣ аст.

Масъалае, ки ҳамвора Амрико онро муҷиби нигаронии худ ва муттаҳидонаш дар минтақа ба вижа режими саҳюнистӣ дониста тавсиаи рӯзафзуни тавонмандии ҳастаии сулҳомези Эрон аст.  Ҳарчанд Эрон дар чорчӯби тавофуқи ҳастаии БарҶом чанд сол ба иҷрои комили таҳдидоти ҳастаӣ ва маҳдудсозии фаъолиятҳо, мавод ва таҳсисоти ҳастаии  худ мубодират кард. Аммо Амрико дар давраи раёсат ҷумҳӯрии Доналд Трамп дар майи 2018 бо хурӯҷ аз БарҶом ба  иҷрои шаддидтарин таҳримҳо алайҳи Эрон дар чорчӯби сиёсати фишори  ҳадди аксари пардохт. Аз сӯйи дигар бо таваҷҷӯҳ ба аҳд шикании мукаррари азои аврупоии гурӯҳи 4+1 дар амал ва таҳдидоти худ, Теҳрон ибтидо  дар панҷ гом тааҳудоти ҳастаии худро коҳиш дода ва сипас дар ростои иҷрои мусавабаи  Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, гомҳои ҷадиде дар ростои тавсиаи ҳастаии фаро БарҶоми бардошта аст. Аз ҷумлаи мавориди қобили зикр дар ин замина,  густариши таъсисот ва таҷҳизоти ҳастаӣ аст, ки ин масъала ба шиддат муҷиби нигаронии Вашингтон ва муттаҳидони  минтақаӣ он ба вижа режими саҳюнистӣ шудааст.

Коҳиши сатҳи ҳамкориҳо бо ожонс дар заминаи тавофуқи иҷрои  пратаколи аҳоқи низ дар чорчӯби иҷрои мусавабаи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва дар вокуниш ба иҷро нашудани ваъдаҳои Аврупо сурат гирфтааст. Албата Эрон дар  ҷараёни музокироти лағви таҳримҳо дар Вена ва дар барҳаи кунуни борҳо эълом карда, ки дар сурати иҷрои шурути мадди назари худ аз ҷумла лағви таҳримҳо ва бозгашти Амрико ба БарҶом омодаи иҷрои комили тааҳудоти БарҶомии худ аст. 

Муҳсени Ҷалилванд коршиноси масоили байналмиллалӣ бо баёни инки маҳори тавони ҳастаии Эрон барои аврупоиҳо ва амрикоиҳо хиле муҳим аст, тасреҳ кард: Амрикоиҳо дунболи маҳдудсозии тавони Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ҳастанд.

Амрико ва шуракои аврупоии  он ба ҳамроҳи режими саҳюнистӣ, борҳо  Эронро ба пайгирии  аҳдофи низомӣ дар барномаи ҳастаии бумии худ муттаҳам кардаанд ва ҳатто ин иттиҳомзаниро дар замони баргузории нишастҳои музокироти рафъи таҳримҳо дар Вена идома додаанд. Эрон ин иддаоҳоро рад ва таъкид карда, ки ба унвони яке  аз имзо кунандагони паймони NPT ва узви аз ожонси байналмиллаии энергияи атомӣ, ҳаққи дастёбӣ ба фанноварии ҳастаиро барои масодиқи сулҳомез дорад.

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп