Чопи ашъори шоирони тоҷик бо хати форсӣ
(last modified Sun, 31 Jul 2022 07:44:36 GMT )
Июл 31, 2022 12:44 Asia/Dushanbe
  • Чопи ашъори шоирони тоҷик бо хати форсӣ

Ашъори шоирони муъосири Тоҷикистон дар қолаби китобҳое ба хати форсӣ дар Эрон мунташир мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, интишороти Ородмон нахустин китоб аз шеърҳои Фирдавси Аъзам-шоири тоҷикро ба тозагӣ мунташир кардааст .
Фирдавси Аъзам аз истеъдодҳои ҷавони адаботи муосири Тоҷикистон ва аз ҷумлаи аввалин ҷавонони шоири тоҷик аст,ки аз шеъри нави «зулол» истиқбол кард ва дар ин навъи ҷадиди шеър ба таҷрибаҳои шоистае даст ёфт .
Ин китоб бо номи « Дарё, ғуруб, нами нами борон » ва бо муқаддамае аз Иброҳими Худоёр, устоди донишгоҳи тарбияти мударрис ва ройзани фарҳангии асбақи Эрон дар Тоҷикистон  дар бораи шеъри муосири Тоҷикистон  дар 68 сафҳа ва бо тарҳи ҷилде аз Мужони Муҳаққиқ  ба баҳои 29 ҳазор тумон интишор ёфт .
Интишороти Ородмон ҳамчунин аз маҷмӯъаи шеъри муосири форсии Тоҷикистон  дафтаре аз шеърҳои Нуралии Нурзод- устоди адабиёти форсии донишгоҳи Хуҷанд ва низ маҷмӯъае аз гузидаи шеъри чанд шоири муосири Тоҷикистонро дар дасти интишор дорад .