Июл 31, 2022 17:14 Asia/Dushanbe
  • Донишгоҳи имом Хумайнӣ(р) дар миёни бартарин донишгоҳҳои ҷаҳон дар риштаҳои муҳандиси
    Донишгоҳи имом Хумайнӣ(р) дар миёни бартарин донишгоҳҳои ҷаҳон дар риштаҳои муҳандиси

Дар низоми рутбабандии мавзуъии Шанхаӣ дар ҳавзаи донишгоҳ, донишгоҳи имом Хумайнӣ(р) ба унвони яке аз донишгоҳҳои бартари ҷаҳон дар риштаҳои муҳандиси қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Алӣ Қосимзода, раиси донишгоҳи байналмиллалии имом Хумайнӣ(р) гуфт: Низоми рутбабандии мавзуъи Шанхаӣ соли 2022 барои шашумин соли рутбабандии мавзуъи донишгоҳҳои бартари Дунёро мунтариш кард, ки бар асоси он дар рутбаи 22 риштаи ҳавзаи муҳандисӣ ва дар ришати механик номи донишгоҳи байналмиллалии имом Хумайнӣ(р) низ дар ҷамъи донишгоҳҳои бартари ҷаҳон қарор гирифт.

Ба гуфтаи Қосимзода низоми рутбабанди Шанхай аз муътабартарин рутбабандиҳои ҷаҳонӣ аст, ки натиҷаҳои он тавассути донишгоҳҳои Жиёутинги Чин мунташир мешавад.

Раиси донишгоҳи байналмиллалии имом Хумайнӣ(р) афзуд: Ин рутбабанди дар қолаби як тарҳи бузург дар кишвари Чин барои аввалин бор дар июни соли 2003 тавассути донишгоҳи Шанхай мунташир шуд.

Донишгоҳи байналмиллаии имом Хумайнӣ(р) шаҳри Қазвин аз донишгоҳҳои муътабари давлати аст, ки ҳар сол дар тамоми сатҳ ва аз донишҷуёни эронӣ ва ғайри эронӣ донишҷу мепазирад.

 

Барчасп