Ҳамиди Нурӣ: Ба далели надоштани мутарҷим райи додгоҳи Швестсияро нахондаам
Ҳамиди Нурӣ шаҳрванди эронӣ бо баёни ин ки шветсиҳо матни райи додгоҳро ба забони ин кишвар дар ихтиёри ӯ гузоштанд гуфт, ки ба далели надоштани мутарҷим ҳануз матни райи додгоҳи Шветсияро нахонда аст.
Ҳамиди Нурӣ шаҳрванди эронӣ дар 9 ноябри соли 2019 дар замони вуруд ба Шветсия ба мунзури ҳаллу фасли ихтилофоти хонаводагии духтархондааш аз сӯи нерӯҳои амниятии ин кишвар боздошт шуд ва ҳудуди 32 моҳ аст, ки дар зиндон ба сар мебарад.
Нурӣ аз сӯи додситони Шветсия ба даст доштан дар ҳодисаҳои иддаоӣ марбут ба 34 соли пеш дар Эрон мутаҳам шуда аст ва шокиёни ин парванда низ асосан аъзои гуруҳаки террористии мунофиқин ҳастанд.
Додгоҳи Шветсия ба пайрави аз иттиҳомоти гуруҳаки террористии мунофиқин 14 июл Нуриро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳамиди Нури шаҳрванди эронӣ дар фурсат тамос консули, ки барои у фароҳам шуд таъкид кард, ки ҳануз ва пас аз гузашти 19 рӯз аз судури райи додгҳ мувафақ нашуда аст матни ҳукми ҳабси абад зидди худро бихонад ва ин дар ҳоле аст, ки у дар маҷмуъи 21 руз фурсат дорад то ба райи авалия эътироз кунад.
Бар асоси изҳороти Нурӣ шветсиҳо бо иттилоъ аз ин ки вай забони шветси намедонад матни райи додгоҳҳро ба забони шветси дар ихтиёри ӯ гузошта ва то кунун ҳам ҳеҷ иқдоми барои тарҷумаи райи анҷом надоданд.